Дар шаҳри Ҳисор боз чанд хатсайри нави сайёҳӣ кушода шуданд

Ҳамакнун дар шаҳри Ҳисор шумораи хатсайрҳои сайёҳӣ ба 7 адад расид. Бо ташкил намудани ду хатсайри нави сайёҳӣ дар ин водӣ шумораи гардишгарон боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор хатсайрҳои нави сайёҳӣ кушода шуданд, ки барои ҷалби гардишгарон ва таҳкими рушди сайёҳӣ равона гардидаанд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди президенти Тоҷикистон.

Афзоиши гардишгарон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Бар хабари манбаъ, бахши рушди ҷаҳонгардии шаҳри Ҳисор чанд мавзеи нави таърихӣ ва фарҳангию экологиро ба ин хатсайрҳои нав ворид намуд, ки гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд аз онҳо дидан кунанд.

Чилчашмаи Чилтанҳо, яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ дар хатсайри нав ба ҳисоб меравад, ки дар деҳаи Хоҷачилдиёри боло дар баландии 1 500 метр аз сатҳи баҳр дар доманаи силсилакӯҳҳои Ҳисор воқеъ мебошад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар соли гузашта беш аз 157 ҳазор ҷаҳонгарди рус ба Тоҷикистон омад

Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, ин мавзеъ куҳанбунёд буда, таърихаш ба давраи давлатдории Кӯшониён рост меояд.

Кӯҳҳои Помир ба феҳристи 100 самти беҳтарини сайёҳӣ дохил шуданд
Мавзеи дигар масҷиди кӯҳна ба ҳисоб меравад, ки дар қисмати шимолии деҳаи Тӯда қарор дорад. Ин масҷид мавзеи таърихӣ буда, тибқи гуфтаҳои мардум ва навиштаҷоти дар болои масҷид сабтгардида, он соли 1313-и ҳиҷрӣ бунёд гардидааст, ки ба соли 1898-и мелодӣ рост меояд.

Ҳисор 20 км дуртар аз тарафи ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар шаҳри Ҳисор айни ҳол 7 хатсайри сайёҳӣ мавҷуд мебошад, ки мавзеи таърихию фарҳангии “Қалъаи Ҳисор” ва истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ» аз муҳимтарини онҳо ба ҳисоб мераванд.