Путин ҳам галстукашро кашид: мулоқоти ғайрирасмӣ ва ғизохӯрии се президент - аксҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Минск бо ҳамтоёни русиягӣ ва белорусаш – Владимир Путин ва Александр Лукашенко мулоқоти ғайрирасмии бидуни галстук анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон,  мулоқоти сеҷониба 30 июн дар шаҳри Минск баргузор гардид.

“Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи Эмомалӣ Раҳмон.

Путин ҳам галстукашро кашид: мулоқоти ғайрирасмӣ ва ғизохӯрии се президент - аксҳо

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст мегардад, баҳои баланд доданд.

Котиботи Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд, аммо тафсилоти дигар ироа нашудааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, нахуст Путин бо Лукашенко мулоқот доштанд ва баъдан ба ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ пайваст. Қаблан Песков изҳор дошта буд, ки Маскав аз нақшаи кишвари мизбон барои баргузории музокироти сеҷониба иттилоъ надошт.

Дар гузориши аксӣ, ки аз ин мулоқот ироа шудааст, нахуст Путин бо галстук иштирок мекунад, аммо баъди пайвастани Эмомалӣ Раҳмон ӯ низ галстукашро кашида, мулоқоти ғайрирасмии сеҷониба анҷом медиҳанд.