ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки урупоии таҷдид ва рушд (БАТР) 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энержӣ, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи 521,7 миллион доллар мавриди татбиқ қарор доранд.
Ин нукта дар вохӯрии Президенти БАТР Сума Чакрабарти бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони тоҷик, ки имрӯз дар Душанбе доир шуд, баён гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, президенти БАТР Сума Чакрабартиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки барои Тоҷикистон Бонки урупоии таҷдид ва рушд яке аз шарикони асосӣ ва боэътимод маҳсуб ёфта, дар зарфи 27 соли ҳамкорӣ дар рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми чашмрас мегузорад.
Раҳмон бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти мулоқот анҷом дод
Зикр гардид, ки БАТР аз соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷкистон фаъолият дошта, самти фаъолтияти он асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо неруи барқ, идоракунӣ ва сарфаи неруи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ ва рушди соҳаи нақлиёт нигаронида шудааст.
Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо БАТР дар Тоҷикистон маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ва анҷомёфта беш аз 840 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 585 миллион доллар ба бахши давлатӣ ва беш аз 260 миллион доллар ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ равона карда шудааст.
Инчунин аз ҷониби БАТР маблағгузории 111 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи беш аз 290 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад.