Чаро президенти БАТР ба Тоҷикистон омад

Президенти Бонки аврупоии тавсеа ва рушд Сума Чакрабарти дар рафти сафар бо раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Имрӯз, 1 июл роҳбари Бонки аврупоии тавсеа ва рушд Сума Чакрабарти вориди Тоҷикистон шуд. Дар ин бора намояндагии бонк дар Душанбе хабар медиҳад.

БАТР ба баҳогузорӣ ва таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон шурӯъ кард

Чакрабартиро аллакай раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтааст.

Ҳамчунин мулоқоти президенти БАТР бо вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳорзода ва вазири нерӯ ва захираҳои обӣ Усмоналӣ Усмонзода дар назар аст.

Сума Чакрабарти бо соҳибкорон низ мулоқот хоҳад кард.

БАТР ба рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар 11 милиион доллар медиҳад

Ин сафари дувуми президенти БАТР ба Тоҷикистон аст. Ӯ ахиран соли 2014 ба Душанбе сафар карда буд.

Фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ба субот ва барқарор кардани боварӣ дар соҳаи бонкдорӣ, рушди ташкилотҳои инфиродӣ ва тиҷорати кишоварзӣ, боло бурдани дастрасӣ, эътимоднокӣ ва сифати хадамоти шаҳрӣ  ва боло бардоштани сифати қувваи барқ ва танзиму самаранокии энергетика равона шудааст.

Феълан БАТР дар 127 тарҳи гуногуни соҳаи иқтисодии Тоҷикистон 673 миллион Евро сармоягузорӣ кардааст.