Коршинос хатари боҷи нав ба муҳоҷирони дорои РВП ва ВНЖ-ро дар Русияро гуфт

Крманди илмии Пажуҳишгоҳи таҳлили сотсиологӣ  ва пешгӯии Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии Русия, Юлия Флоринская оқибати илова намудани боҷӣ давлатӣ барои муҳоҷиронро шарҳ медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ба ақидаи Флоринская набояд муҳоҷироне, ки дар Русия РВП ва ВНЖ доранд бо хориҷиёне, ки патент барои фаъолият мегиранд баробар кард.

Коршинос хатари боҷи нав ба муҳоҷирони дорои РВП ва ВНЖ-ро дар Русияро гуфт

“Ба онҳо низ имкониятҳое дода шаванд, ки ба шаҳрвандони Русия дода мешаванд. Ин набояд патент бошад, балки метавонад боҷ барои ягон навъи фаъолият бошад”, - мегуяд Юлия Флоринская дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос қайд мекунад, ки ҷорӣ кардани боҷӣ давлатӣ ва ё патент ба ашхоси дорои РВП ва ВНЖ гирифтани шаҳрвандиро, низ барои онҳо бемаъно мегардонад.

“Ин ба ҳеҷ куҷо намебарад. Мо бо як даст кӯшиш мекунем, ки хоҳишмандонро ҷалб кунем, то ки РВП ва ВНЖ гирифтабаъдан  шаҳрвандӣ Русия шаванд. Бо дасти дигар мехоҳем ба онҳо гуем, ки шумо ҳам мисли муҳоҷирони муваққатӣ ҳастед, ки омада дар асоси патент кор мекунанд. Фарқ миёни онҳо  намемонад”, - қайд мекунад Флоринская.

Чанде пеш Вазорати умури дохилаи Русия пешниҳод кард, ки барои муҳоҷироне, ки РВП ва ё ВНЖ дар Русияро доранд, боҷи давлатӣ ҷорӣ шавад. Ин қонун ба муҳоҷироне, ки бар асоси патент кор мекунанд дахл надорад.