ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса марди 47-сола, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат карда, арз доштааст, ки 11 июни соли 2019, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ, аз дохили автомашинаи шахсиаш “Хонда СРВ” маблағ дуздидаанд.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки мошиншаро барои шустан ба нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи зикргардида оварда буд ва дар ин ҷо 300-доллари амрикоиро аз мошинаш дуздидаанд.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини н.Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид кардааст, ки нуқтаи мазкур бо дастгоҳҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар ҳолати коршоямӣ қаррор дорад.
ВУД афзуд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.