Мақомдорони баландпоя нигаронӣ кардаанд: “Сомон Эйр” аз “Boeing 737 MAX” даст кашид

Ширкати “Сомон Эйр” аз нақшааш барои иҷораи “Boeing 737 MAX” даст кашида, онро ба коҳиши эътимоди омма ба ин навъи ҳавопаймо ва номуайянии замони баргардондани дубораи он ба парвозҳо гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Томас Ҳаллам, мудири кулли “Сомон Эйр” тасдиқ кардааст, ки нақшаи иҷораи “Boeing 737 MAX”-ро аз ширкати “Air Lease Corporation” – “ALC”, ки бояд имсол амалӣ мешуд, лағв кардаанд, хабар додааст маҷаллаи “Forbes”.

Муҳоҷир бисёр: ду хатсайри нави "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Русия

Муаллифи мақола таъкид кардааст, ки ин ақибнишинӣ ба дафтари фармоишҳои  Boeing асаре надорад, чун ширкати иҷорадеҳ аллакай ҳавопаймои мавриди назарро харидааст. Аммо ин дасткашӣ далели коҳиши эътимод ба “Boeing 737 MAX” баъди суқути ин навъи ҳавопаймоҳо дар Индонезия ва Эфиопия мебошад, ки 346 кушта барҷой гузоштанд, навиштааст маҷалла.

Мудири кулли “Сомон Эйр” изҳор доштааст, ки дар пайи ин ҳодисаҳо мақомдорони баландпояи Тоҷикистон аз эҳтимоли корбурди ин навъи ҳавопаймо дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

“Шӯрои мудирон дастур дод, ки мутаваққиф шавад”, - изҳор доштааст мудири “Сомон Эйр” ва афзудааст, ки далели ин дастур шунидаҳо атрофи “Boeing 737 MAX” мебошанд, ки мусбат нестанд.  Ӯ таъкид намудааст, ки наметавонад бо “Boeing 737 MAX” иқдоме кунад, то замоне, ки ин навъи ҳавопаймоҳо дубора ба парвоз баргарданду собиқаи боварибахшро касб кунанд.

Фурудгоҳи Душанбе: дар се моҳ 70 ҳодисаи ба таъхир афтодани парвозҳо ба қайд гирифта шуд

Ба навиштаи “Forbes”, ширкати “Сомон Эйр” хусусӣ буда, бо Ҳукумат равобити зич дорад. Феълан ин ширкат танҳо ҳавопаймоҳои навъи Boeing, аз ҷумла ду 737-900ER, ду 737-800 ва ду 737-300-ро дорад.

Маҷалла афзудааст, ки “Сомон  Эйр” ният дошт, бо ҷалби ҳавопаймоҳои МАХ, онҳоро барои парвоз ба Шарқи дуру Аврупои ғарбӣ истифода барад.

Манбаъ аз камшавии эътимод ба МАХ навишта, афзудааст, ки то ҳол ширкати Garuda-и Индонезия 49 фармоишашро лағв карда, ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон низ 10 фармоиши худ аз ин навъи ҳавопайморо ихтисор кардааст.

“Forbes” таъкид намудааст, ки ин танҳо қисми ками фармоишҳо буда, феълан дар маҷмуъ 5 ҳазор адад аз чунин ҳавопаймоҳо фармоиш дода шудааст.