Президенти Бразилия аз сарвазири Канада рӯй гардонд: дар нишасти G20 - видео

Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он нахуствазири Канада ба ҳолати ногувор афтодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо дар нишасти "Бистгонаи бузург" дар Осака ба ҳолати нохушоянд афтод. 

Дар интернет бо ширкати Ҷастин Трюдо нахуствазири Канада наворе пайдо шуд, ки фавран дар тамоми шабакаҳо паҳн гардид.

Аз навор дида мешавад, ки Трюдо сари миз нишастааст. Пас аз чанде ӯ ба ҷониби президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару тоб мехӯрад ва дасташро дароз мекунад. 

Вале президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару дар ҳамин ҳол ба тарафи Трюдо як назар меафканаду даррав рӯй гардонда бо ҳамсояи дигари саримизии худ аҳволпурсӣ мекунад.

Трамп Путинро ба сӯи худ кашид: дидори кишвардорон дар нишасти G20 - видео

Пасон нахуствазири Канада дасташро ором гузошта ва ба пушти президенти Бразилия менигарад.

Нишасти G20 дар яке аз бузургтарин шаҳри Ҷопон - Осака рӯзҳои 28 ва 29 июн баргузор шуд.

Ғайр аз сарони кишварҳои узви созмон, дар ин нишаст намояндагони Испания, Сингапур, Таиланд, Миср, Сенегал, Чили, Ветнам ва Нидерланд ҳузур доштанд.