Трамп гуфт Путин "бачаи зӯр" аст

Доналд Трамп пас аз мулоқот бо Владимир Путин ӯро инсони ғайриоддӣ ва "бачаи зӯр" гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп, раҳбари Русия Владимир Путинро "бачаи зӯр" ва дидору мулоқот бо ӯро "олӣ" унвон кард.

"Ман фикр мекунам, ки ӯ бачаи зӯр аст. Вохӯрии мо олиҷаноб буд",- гуфт Трамп дар мусоҳиба бо хабарнигори ВГТРК Павел Зарубин.

Трамп Путинро ба сӯи худ кашид: дидори кишвардорон дар нишасти G20 - видео

Ба гуфти Трамп ӯ ва Путин бисёр дастовардҳои хуб доштанду ҳатто ба баррасии масоили тироҷат оғоз карданд.

"Мо бояд тироҷат дошта бошем - тиҷорат миёни Русия ва Амрико, ду мамлакати бузург. Дирӯз вохӯрӣ олиҷаноб буд. Ӯ инсони ғайриоддӣ аст. Сипоси бепоён",- афзуд Трамп.

Боиси қайд аст, ки Трамп аз фаъолтарин сиёсатмадори ҷаҳонӣ дар Twitter дар саҳифааш дар бораи дидор бо Владимир Путин чизе нанавиштааст.

Дар навбати худ Владимир Путин суҳбат бо Доналд Трампро муфид арзёбӣ кард.

​Ёдовар мешавем, ки кишвардорони Русия ва Амрико дар ҳошияи нишасти "Бистгонаи Бузург" G 20, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуд,  дидору мулоқот карданд. Дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти G20 деринтизортарин воқеъа шуд.

Чуноне вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров қайд кард, ҷонибҳо барои баррасии масоили тироҷат ва вазъияти умумии ҷаҳон изҳори омодагӣ карданд.

Дар барбари масоилли тиҷорат Путин ва Трамп вазъи Сурия, Эрон, Внесуэлла ва Украинаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ин дидори сеюми Владимир Путин ва Доналд Трамп мебошад. Бори охир Путин ва Трамп моҳи декабри соли 2018 дар нишасти "Бистгонаи бузург" дар Буэнос Айрес дидор карда буданд.