Раҳмон дар назди муҷассамаи "Ғалаба" дар шаҳри Минск гулчанбар гузошт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи "Ғалаба" дар шаҳри Минск гулчанбар гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Рӯзи 28 июн, дар доираи сафари расмӣ дар Беларус Эмомлӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи "Ғалаба" гулчанбар гузошт.

Дар ин бора котиботи раисиҷумҳур хабар медиҳад.

"Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми кишвари дӯсти Беларус дар шаҳри Минск дар назди Муҷассамаи «Ғалаба» гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидони роҳи озодиро пос дошт",-омадааст дар хабарнома.

Раҳмон дар назди муҷассамаи "Ғалаба" дар шаҳри Минск гулчанбар гузошт

Дар маросими гулчанбаргузорӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус ҳамроҳӣ карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки Лукашенко Раҳмонро барои борон сипосгузорӣ кард.