"Путин меояд, секаса суҳбат мекунем": Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус изҳор дошт, ки эҳтимол дар Минск музокироти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Русия ва Белорус баргузор гардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Лукашенко дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки эҳтимол Путин низ ба музокироти онҳо пайвандад, хабар додааст РИА Новости.

Занги Путин ба Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашташ аз Душанбе ба Маскав

“Путин фардо меояд ва мо метавонем сенафарӣ суҳбат кунем”, - изҳор дошт Александр Лукашенко дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон.

Тафсилоти дигари мулоқот ироа нашудааст, аммо пешбинӣ мешавад, ки роҳбарони се кишвар ҳамкориҳо дар доираи ИДМ ва СААД-ро баррасӣ намоянд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон 27 июн барои анҷоми сафари расмӣ озими шаҳри Минск шуда буд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, Прокурори генералӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ даъват Лукашенкоро барои иштирок дар маросими ҷамъбасти бозиҳои Аврупоӣ қабул намудааст. Бозиҳои аврупоӣ аз 21 то 30 июн дар шаҳри Минск баргузор мегарданд ва ҷамъбасти онҳо рӯзи якшанбе дар назар аст.

Дар назар аст, ки Путин ба Минск шоми шанбеи 29 июн сафар кунад.