Дидор бо Файзов ва зиёфат дар чойхона: сафари Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ба ВМКБ

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон дар идомаи сафари худ ба ВМКБ аз Боғи набототи Помир боздид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Пас аз нисфирӯзии рӯзи 25 июн дар даромадгоҳи Боғи набототи Помир Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохонро муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ пешвоз гирифтанд.

Бино ба гузориши шаҳрдории Хоруғ, Шоҳзода Алӣ Муҳаммад бо роҳбарияти Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков, Боғи наботот ва кору фаъолияти кормандони пажуҳишгоҳу боғ аз наздик ошно шуда, аз нигораҳои осорхонаи боғ, мусаввараҳои Парки миллии Тоҷикистон, намоиши ҳунарҳои дастии мардуми кӯҳистон дидан намуда, ба кори намоишгоҳ баҳои баланд дод.

Манбаъ афзуда, ки сипас раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода меҳмони воломақомро то Чойхонаи миллии шаҳр гусел намуданд.

"Дар даромадгоҳи чойхонаи миллӣ Шоҳзода Алӣ Муҳаммадхонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовинони раис ва дигар шахсони расмӣ истиқбол карданд",-омадааст дар хабарнома.

Дар Рӯшон ба Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон тоқӣ ҳадя карданд - видео

Тибқи иттилои манбаъ, дар он беҳтарин ҳунармандону ҳофизони вилоят барномаи рангину хотирмони консертиро пешкаши меҳмони воломақому ҳозирин намуда, зиёфат ба ифтихори ташрифи Шоҳзода Алӣ Муҳаммадхон то шом идома ёфт.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 июн Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон бо сафари расмӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар чорчӯби сафараш Шоҳзода аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ боздид кард.

Дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шоҳзода Али Муҳаммад Оқохонро муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ истиқбол намуданд.

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Маркази тиббии Оқохон, ҷамоатхона ва маркази исмоилия боздид кард.