Дӯғи хунукак, яхмосу обнӯшӣ аз фаввора: сокинони Хуҷанд "дар мубориза" бо ҳавои гарм - Акс

Sputnik

Дар Тоҷикистон ҳавои гармтарин одатан моҳҳои июл ба қайд гирифта мешавад. Дар Хуҷанд феълан низ ҳарорат баланд буда, ҳавосанҷ то 40 дараҷа гармиро нишон медиҳад.

Кӯчаҳои шаҳр, дар ҷойҳое ки соя нест, деги тафсонеро мемонад, дохили худраве ки хунуккунак надорад, мисли танӯр мешавад.

Одамон ин гармии тоқатфарсоро бо ҳар роҳ пушти сар мекунанд: соҳибхонаҳо ба назди дари хонаашон об мезанад, фурӯшандаҳо зери дарахт пинҳон мешаванд, ронандаҳо шамолдиҳак насб мекунанд ва занон бо чатр ба кӯча мебароянд.

Аммо савдогарон шоданд: новобаста аз гармии тоқатфарсо, фасли тобистон барои савдогарон "сезон" аст. Мардуми минтақа одатан тӯю маросимҳояшонро дар ин вақт мегузаронанд ва бозор ҳам гарм мешавад.

Хусусан шодии фурӯшандаҳои обҳои нӯшокӣ ҳадду канор надорад, бозори яхмосфурӯшҳо ҳам гарм, бархе аз сокинон дар сатилҳои калон дӯғ пур карда, дар дохилаш пораи яхи калоне гузошта, пешниҳоди харидорон мекунанд.

Назди бозори Панҷшанбе доим серодам аст. Одамон дар назди Масҷиди ҷомеъ истода каме аз офтоби сӯзан истироҳат мекунанд. Инҷо фавворае ҳаст, ки сокинон аз он об менӯшанд.

Аммо ҳаво бегоҳ дар шаҳр салқин аст. Аз ҷониби дарёи Сир насими фораме мерасад.

1 / 11
МуДар Тоҷикистон ҳавои гармтарин одатан моҳҳои июл ба қайд гирифта мешавад. Дар Хуҷанд феълан низ ҳарорат баланд буда, ҳавосанҷ то 40 дараҷа гармиро нишон медиҳад.
2 / 11
Кӯчаҳои шаҳр, дар ҷойҳое ки соя нест, деги тафсонеро мемонад, дохили худраве ки хунуккунак надорад, мисли танӯр мешавад.
3 / 11
Одамон ин гармии тоқатфарсоро бо ҳар роҳ пушти сар мекунанд: соҳибхонаҳо ба назди дари хонаашон об мезанад, фурӯшандаҳо зери дарахт пинҳон мешаванд, ронандаҳо шамолдиҳак насб мекунанд ва занон бо чатр ба кӯча мебароянд.
4 / 11
Аммо савдогарон шоданд: новобаста аз гармии тоқатфарсо, фасли тобистон барои савдогарон "сезон" аст.
5 / 11
Мардуми минтақа одатан тӯю маросимҳояшонро дар ин вақт мегузаронанд ва бозор ҳам гарм мешавад.
6 / 11
Хусусан шодии фурӯшандаҳои обҳои нӯшокӣ ҳадду канор надорад, бозори яхмосфурӯшҳо ҳам гарм аст
7 / 11
Бархе аз сокинон дар сатилҳои калон дӯғ пур карда, дар дохилаш пораи яхи калоне гузошта, пешниҳоди харидорон мекунанд.
8 / 11
Назди бозори Панҷшанбе доим серодам аст. Одамон дар назди Масҷиди ҷомеъ истода каме аз офтоби сӯзан истироҳат мекунанд.
9 / 11
Инҷо фавворае ҳаст, ки сокинон аз он об менӯшанд.
10 / 11
Аммо ҳаво бегоҳ дар шаҳр салқин аст.
11 / 11
Аз ҷониби дарёи Сир насими фораме мерасад.