Жеенбеков ба Раҳмон занг зад: сӯҳбати телефонии президентҳо

Раисҷумҳури Қирғизистон президенти Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон

"Дар ин зимн президентҳо ҷиҳати идомаи муколамаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ бо мақсади пешбурди ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Гуфта мешавад, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуд.

Суҳбат дар фазои озод, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона доир гардид, афзудааст дафтари матбуоти президент.