ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд эътимодномаи худро супорид, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти президенти Ҳиндустон бо сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар он дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
"Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, аз сафари давлатиаш ба Тоҷикистон ёдовар шуд ва ба Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ ва густариши ҳамкориҳо изҳори сипос намуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Ӯҳамчунин нақши му Эмомалӣ Раҳмонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгарои дар сатҳи миллию минтақавӣ зикр намуда, баргузории муваффақи Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро дар Душанбе сутудааст.
Дар фарҷоми суҳбат Сафири Тоҷикистон Президенти Ҳиндустонро итминон дод, ки тамоми саъйю кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳо байни ду кишвар ба харҷ хоҳад дод.
Ёдрас мешавем саммити бузурги МҲТБО дар Душанбе 14-15 июн баргузор шуд. Дар ин нишаст роҳбарони бештар аз 27 кишвар меҳмони Тоҷикистон шуданд.