ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт гуфт дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун ба кор андохта мешавад.
Вай афзуд ҷашни ваҳдати миллӣ имсол дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои дорои аҳаммияти дохилӣ ва минтақавӣ ноил гардидааст.
“Амалӣ гардидани ормони деринаи мардуми сарбаланду тамаддунсози Тоҷикистон ва рӯйдоди муҳимтарини таърихи навини кишварамон - ба кор даровардани агрегати аввали иншооти бузурги аср - нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” яке аз ин дастовардҳо мебошад”, гуфт раисҷумҳур.
Вай таъкид кард, ки қарор аст, дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор андохта шавад.
“Мо ният дорем, ки соли ҷорӣ дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми ин нерӯгоҳи азимро ба кор дароварда, дар роҳи таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат боз як қадами устувор гузорем ва ба саноатикунонии кишвар, яъне ҳадафи чоруми миллӣ роҳи васеъ кушоем”, - қайд намуд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар.
Ифтитоҳи агрегати дувуми "Роғун" мавқуф шуд
Дар ҳамин ҳол, роҳбари кишвар зикр намудааст, ки бо ин роҳ мақомот ба рушди Тоҷикистон такон бахшида, барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ заминаи боэътимод муҳайё месозад.