Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Тоқаев дар робита ба таркишҳои Арис

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқистонияш, Қосим – Жомарт Тоқаев паёми тасаллият фиристодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Тоқаев дар робита ба фоҷиа дар шаҳри Арис изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Таркишҳо шаҳри Ариси Қазоқистонро ба чӣ табдил доданд? - видео

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, аз таркишҳо дар шаҳри Арис, ки талафоти ҷонию хисороти зиёди моддӣ дар пай доштааст, андуҳгин мебошад.

“Аз номи худам ва аз номи мардуми Тоҷикистон ҳамдардиро ба Шумо ва наздикони ҳалокшудагон баён карда, барои маҷруҳон шифои оҷилро хоҳонам”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин чорабиниҳои фаврии Ҳукумати Қазоқистон ва хадамоти махсуси ин кишварро дар кӯчондани аҳолию бартараф кардани оқибатҳои ин фоҷиа махсус таъкид кардааст.

Силсилаи таркишҳо рӯзи душанбе, 24 июн дар яке аз анборҳои аслиҳаи Қазоқистон, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишини шаҳри Арис ҷойгир аст, ба амал омаданд.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин ва наздикони ҳалокшудагон дар Шереметово

Пас аз ин ҳодиса дар шаҳр ҳолати фавқуллода эълом шуду мардуми осоишта ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар шаҳри Арис 43 ҳазор кас ба сар мебарад. Ин шаҳр 85 километр дуртар аз Шимкент ва 168 километр дуртар аз Туркистон воқеъ аст.

То кунун аз ҳалокати се кас гузориш дода шудааст. Гузориш дода шудааст, ки дар паи таркишҳо 89 кас захмӣ шуда дар бемористон бистариянд. Аз ин ҳисоб аҳволи 15 кас вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаи эҳё қарор доранд.