Оштӣ ба ҷои кашмакаши судӣ: сафари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Сочӣ

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми раисони Судҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Сочӣ иштирок кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур роҳбарони додгоҳҳои олии 8 кишвари узв ширкат доштаанд.

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон чанд додрасро аз симат барканор кард

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаи кам кардани шумораи парвандаҳои баррасинагардида дар марҳилаҳои гуногуни судӣ, рушди ғайрисудии тартиби ҳалли баҳсҳо баррасӣ шудааст. Иштирокдорон аз таҷрибаи ҳамдигар дар масъалаи истифодаи чораҳои оштидиҳӣ огоҳ гардидаанд.

“Аз нав дида баромадани қарор ва ҳукмҳо вобаста ба парвандаҳои ҷиноятие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, чораҳои тақвиятбахшандаи мустақилияти ҳокимияти судӣ”, - аз мавзӯҳои дигари ҳамоиши мазкур будаанд.

Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки раисони Судҳои Олии кишварҳои узви СҲШ ба имзо расонида шуда, тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ ҳамкории судманд байни ҷонибҳо идома дода шавад.

Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии раисони Судҳои Олии кишварҳои узви СҲШ соли 2020 дар ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.