Муовини раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон маркази нави табобатиро ифтитоҳ бахшид

Дар маросими ифтитоҳи  Марказ муовини раиси вилояти Хатлон, Зоирзода Умед, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  Шавкат Бобозода ва дигарон  иштрок намуда, аз табибон меҳнати софдилона талаб намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Имруз ҳамчунин дар дораи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Маркази саломатии деҳоти Бӯстон ба истифода дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Аз норасоии табибон то афзоиши сирояти ВНМО: нигаронии прокурорҳо дар Суғд

  Манбаъ афзудааст, аҳли ин деҳа ва деҳоти гирду атроф Маркази навбунёдро чун тӯҳфаи арзанда ба мардуми маҳаллӣ дар арафаи ҷашни бузурги Рӯзи ваҳдати миллӣ қабул карданд. Маркази саломатии мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дорда шуд. Маркази мазкур ҳамчунин бо тамоми таҷҳизоти тиббии зарурӣ, таҳлилгоҳ ва мебели тиббӣ таъмин гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи  Марказ муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ  Шавкат Бобозода ва дигарон  иштрок ва суханронӣ намуда,  табибону  ҳамшираҳои шафқатро ба меҳнати софдилона ва босамар истифода кардани  таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ даъват намуданд.

Бо дастрасӣ ба чунин муассисаи  замонавӣ ва дорои тамоми шароитҳои лозимӣ кормандони соҳаи тиб метавонанд сифати хизматрасониро ба мардуми  ин деҳа боз ҳам беҳтару хубтар намоянд.

Ба хусус  дар муассисаҳои навтаъсис ҷой доштани таҳлилгоҳ ва ҳуҷра барои хатнаи кӯдакон ба  мардуми деҳоти Бӯстон ва гурду атрофи он имкон медиҳад, ки  бе сарфу харҷи зиёдатӣ аз хизмати  табибони маҳаллӣ дар самти ташхису табобат истифода бурда,  хатнаи саривақтии кӯдаконро гузаронанд.