Суқути ҳавопаймо дар Русия: ду сарнишин ба ҳалокат расидаанд

Баъди нишасти изтирории ҳавопаймои АН-24 дар Ҷумҳурии Бурятияи Русия, масъулин тавонистаанд ҳамаи мусофиронро ба таври таъҷилӣ ба ҷои бехатар кӯчонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ҳавопаймои мусофиркаши Ан-24 аз ширкати ҳавоии “Ангара”  дар фурудгоҳи Нижеангарски Ҷумҳурии Бурятия ба нишасти изтирорӣ дучор шуд, иттилоъ додааст котиби матбуотии роҳбари ҷумҳурӣ Алексей Фишов.

Дар натиҷаи ин воқеа ду сарнишин ба ҳалокат расида, 7 мусофир ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

“Роҳбари Бурятия вазъро дар фурудгоҳи Ниженангарск зери назорат қарор додааст. Дар он ҷо ҳавопаймои мусофиркаш  нишасти изтирорӣ анҷом додааст. Дар натиҷа ду сарнишин ба ҳалокат расидаанд. Мусофирон ҳама зинда мондаанд. Ҳамагӣ 42 калонсол ва як кӯдак зинда мондаанд. Аз миёни онҳо 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд”, - гуфт он.

Ҳавопаймои Ан-24-и ширкатии ҳавои “Ангара” аз фурудгоҳи Нижнеангорск ба Улан-Удэ парвоз мекардааст. Баъди парвози ҳавопаймо дар осмон як муҳаррики он аз кор мондааст.

Сарнишинони ҳавопаймо тасмим гирифтаанд ба фурудгоҳ баргарданд, аммо ҳангоми нишаст ҳавопаймо аз нуқтаи муаяйяншуда 100 метр берун баромада ба бинои марбут ба ширкати ҳавоӣ бархӯрдааст.

Дар натиҷаи бархӯрдан ба бино ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳоло дар ҷои воқеа корҳои санҷишӣ рафта истодаанд.

​Роҳбари Ҷумҳурии Бурятия масъулинро таъкид кардааст, ки ба ҷабрдидаҳои ин садама кумакҳои лозима расонида шаванд.

Тавре РИА Новости аз қавли дафтари матбуотии Росавиатсия хабар додааст, дар натиҷаи ин ҳодиса 7 нафар ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар натиҷаи нишасти изтирории ҳавопаймоии Ан-24 парвандаи тафтишотӣ оғоз шудааст.