ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ин консерти хайриявии овозхонро Ҳукумати Суғд дасгирӣ намуда, сарпарастии онро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зима гирифтааст.
Баргузории консерти овозхон таҳти номи “Зарнигори Зар - ғамхори маъюбон“ дар дар рӯзи 28-уми июн дар Амфитеатри Қасри Арбоб и ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки ду гурӯҳи ҳаҷвнигорону се чор овозхонҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
То ин замон ҳам чанде аз овозхонон дар Тоҷикистон барои дасгирии маълулон барномаҳои хайриявӣ баргузор кардаанд, аммо ин аввалин барномаи консертии хайриявиест, ки овозхон доир шудани онро ба маҳзи харидории аробачаи маъюбӣ эълон мекунад.
Дастрасӣ ба аробачаҳо аз мушкилоти умдаи маъюбон дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Соли гузашта ба беш аз 240 нафар маъюбон дар Суғд аз ҷониби ҳукумат ва ташкилоти байналмиллалӣ аробачаи маъюбӣ дастрас карда шудааст. Бар пояи иттилоъи расмӣ шумори эҳтиёҷмандон аз ҳисоби маълулон, ки барои дастрас кардани аробача ва ё расонидани кумаки молӣ ҳамасола дар ҳоли афзоиш будааст.
Ва ба маҳзи ин мушкил, ин овозхон мехоҳад дар ҳалли мушкили чор нафари маъюб саҳм гузорад.
Зарнигори Зар аз овозхонҳое гуфта мешавад, ки барои мухлисонаш зиёд паҳлӯҳои зиндагиаш то имрӯз норушан боқӣ мондааст. Ҳатто ин, ки оё ӯ аз шавҳараш ҷудо шудааст, бисёре аз мухлисонашро ба савол додан водор мекунад.
Намоҳанги нави Манижа ба суруди "Модар": +18
Ахиран Зарнигори Зар дар як суҳбат бо барномаи “Садои ошно”и радиои “Шаҳри ман”, ки навори кутоҳи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ба саволҳои ровии ин радио дар бораи ному насаби аслиаш, ҷудошавӣ аз шавҳараш ва консерти хайриявиаш посух медиҳад.
Зарнигори Зар дар ин суҳбат ба саволи ровии радио дар бораи номи аслиаш посух дадааст, ки номи аслиаш Мирзокалонова Зарнигорхон Мирзоусмоновна аст. Ровӣ Маҳмудхон Аҳрорӣ аз овозхон пурсидааст, ки дар мавриди овозаҳои ҷудошавӣ аз шавҳараш равшанӣ андозад, аммо Зарнигори Зар исрор кардааст, ки беҳтараш ин мавӯъро махфӣ доранд.
Дар поёни ин суҳбат овозхон ҳамаи мухлисонашро ба консерти хайриявиаш даъват кардааст.