Швейтсарияро аз вазъи ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон огоҳ карданд

Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо намояндагони Ожонсии Швейтсария доир ба рушд, дурнамои ҳамкориҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистонро дар масоили ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ахиран роҳбари ин муассиса генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Ожонсии  Швейтсария доир ба рушд ва ҳамкориҳоро мулоқот анҷом дод.

КҲФ 60 ҳазор сокинонро аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонд

Зимни мулоқот раиси Кумита ба густариши ҳамкориҳо миёни ду сохтор дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода таъкид намудааст.

Инчунин тавре манбаъ қайд намудааст зимни мулоқот меҳмонон ба фаъолиятҳои КҲФ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода шинос карда шуданд. Ҳамчунин зимни дидори судманд масъалаҳо дар самти ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба бо Ожонсии Швейтсарии рушд ва ҳамкориҳо баррасӣ шуданд. 

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид намудааст, ки дар мулоқоти мазкур  самтҳои асосии ҳамкориҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо баррасӣ гардиданд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бори дигар алоқамандии худро дар самти коҳиши хавфи офатҳо ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида изҳор доштанд.