Раҳмон мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт

Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад, таъкид кард кишвардор
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. 26 июн дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳияи Раштро ба ифтихори санаи таърихӣ — Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуданд", - менависад манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Ваҳдати миллӣ ба водии Рашт рафт

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, таъкид доштааст, ки "Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад".

Имсол ҷашни ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт баргузор мегардад ва  Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки мардуми  Рашт аз сиёсати давлат бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Имрӯз симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст. Дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд.

 Эмомалӣ Раҳмон зикр карда, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои пешрафт ва ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аз ҷумла водии Рашт тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Баъди суханронии Эмомалӣ Раҳмон чорабинии идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи рангини консертӣ, идома додааст.