Хоҷагидорон дар ноҳияи Ҳамадонӣ осори давраи Кӯшониён ёфтаанд

Хоҷагидорони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми анҷоми корҳои хоҷагияшон осори таърихии марбут ба замони Кушониён пайдо кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, ду ёдгории таърихӣ ҳангоми корҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди ҷанубу шарқии деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чубек пайдо карда шуданд.  

Азнавсозии мадрасаи Оим дар шаҳри Конибодом ба анҷом расид

“Ёдгориҳои мероси ғайриманқул - нақби асримиёнагӣ ва иншооти хоҷагидорӣ бо боқимондаи хумҳои мансуб ба давраи Кӯшониён бозёфт карда шуд”, - иттилоъ додааст Вазорати фарҳанг.

Манбаъ афзуд, ки бозёфтҳои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод гардиданд.

Вазорат зикр кард, ки ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар қаламрави Хатлони қадим маҳсуб буда, дар он миқдори зиёди ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии дараҷаи маҳалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. 

Ёдгориҳои ёфтшуда аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг сабт шуда, омӯзиши минбаъдаи онҳо аз ҷониби мутахассисони касбӣ ба анҷом расонида мешавад.