Афзалшоҳ Шодиев пас аз ҷарроҳӣ дар Олмон дар Белгия ҳунарнамоӣ кард

Ҳунармандии мардумии Тоҷикистон, Афзалшоҳ Шодиев пас аз табобат дар Олмон ахиран дар Брюссел ҳунарнамоӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар пойтахти Урупо – шаҳри Брюссел ҳамоиши ҳамватанон - сокинон

Белгия, Нидерланд ва Люксембург ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши ВУХ Тоҷикистон, сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Урупо ва НАТО Эркинхон Раҳматуллозода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аҳамияти тақвияти ваҳдати миллӣ ва пайвандҳову иртиботи якдигарро дар шароити муосири мураккаб ва пур аз чолишҳову таҳдидҳо таъкид намуд.

Афзалшоҳ Шодиев: хурӯҷи бемориам ногаҳонӣ буд, тамоми нақшаҳоямро барбод дод

Дар айни замон ширкати ҳамватанони сокини кишварҳои мавриди назар дар татбиқи нақшаҳои созандаи сарзамини аҷдодӣ ҷиҳати тақвияти неруи инсонӣ, таҷдиди раванди саноатикунонии кишвар, рушду густариши ҷаҳонгардиву зарфиятҳои туристии кишвар мавзӯи сӯҳбатҳои гарми ширкаткунандагони ҳамоиш буданд.

"Фазои дилангезу зебои гирдиҳамоӣ дар сафоратро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев бо таронаҳои дилпазиру рангорангаш шукӯҳи тозае бахшид",-омадааст дар хабарнома.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро 8 май дар яке аз бемористонҳои Олмон ҷарроҳӣ карда буданд. Ӯ пас ҷарроҳӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бемориаш ногаҳонӣ буд ва тамоми нақшаҳо, аз ҷумла баргузории консерташ дар Хуҷанро барбод дод.

Овозаҳои бад шудани вазъи Афзалшоҳу гилаи ӯ аз бадгӯён: дар Душанбе вомехӯрем - Видео

Худи Шодиев баъди ҷарроҳӣ дар як муроҷиати видеоӣ аз мухлисонаш дар Хуҷанд барои лағви консерт узр хост ва гуфт, 25 рӯз мешавад, ки дар яке аз беморхонаҳои Олмон қарор дорад.

Овозаҳои бад шудани вазъи Афзалшоҳу гилаи ӯ аз бадгӯён: дар Душанбе вомехӯрем - Видео

Баргузории ин барномаи консертӣ, санаҳои 30 -уми апрел ва 1- уми май дар нақша буд, вале бо сабаби сафари хориҷаи ҳофиз ин ду барномаи консертӣ ба рӯзҳои 11 ва 12 уми май ба таъхир гузошта шуд.

Афзалшоҳ Шодиев: хурӯҷи бемориам ногаҳонӣ буд, тамоми нақшаҳоямро барбод дод

Хушбахтона ҳунарманд рӯзи 24 май аз табобатхона баромад ва гуфт, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон бармегардад.

Афзалшоҳ Шодиев яке аз дастпарварони мактаби ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аст, ки бо сабки хоси худаш маҳбуби мухлисонаш гардид.

Маъруфтарин таронаҳои ӯ, "Ҷавонӣ рафт", "Самарқанду Бухоро", "Ватан", "Писари азизам омад" "Модар" ва ғайраҳо мебошанд, ки матни бештари онҳо ба шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Озарахш тааллуқ доранд.

Ҳунарманд аз соли 2014 роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон мебошад.