Мансабдори қирғиз: террористон дар марзи Тоҷикистон зиёд мешаванд

Котиби Шурои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбаев изҳор доштааст, ки шумораи террористон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зиёд мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ташкилотҳои террористии байналмилалӣ нақша доранд, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд, гуфтааст котиби Шурои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбаев дар форуми зиддитеррористии кишварҳои Иттиҳодии иқтисодии АвруОсиё.

"Ташкилотҳои террористии байналмилалӣ "Шурои ҷиҳоди исломӣ", "Ҷамоати Тавҳид ва Ҷиҳод", "Ҳаракати исломи Узбакистон", ки дорои захираҳои моддиву низомӣ мебошанд, нақшаи воридшавӣ ба кишварҳои Осиёи Марказиро мекашанд", - гуфтааст Сагинбаев.

Раҳмон: ҳамкорӣ кунед то фарзандонро аз мактабҳои диниву созмонҳои террористӣ баргардонем

Ба гуфтаи котиби Шурои амният, "шумораи террористон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ бештар мешаванд".

"Ҳамин тавр, минтақаи АвруОсиё доим зери ҳадафи гурӯҳҳои эктремистӣ қарор дорад", - афзудааст вай.

Олимон: дастгоҳи компютерӣ метавонад террористҳоро муайян кунад

Котиби амнияти Қирғизистон таъкид кардааст, ҷангиён кӯшиш доранд, ки бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз Сурия ба Қирғизистон баргарданд.

Бино бар иттилои мақомотҳои вижаи Қирғизистон, дар сафи гурӯҳҳои террористӣ бештар аз 500 шаҳрванди кишвар ҷангидаанд ва пас аз шикасти ДОИШ дар минтақаҳои Сурияву Ироқ мехоҳанд ва кишварҳояшон баргарданд ва фаъолияти террористиашонро идома диҳанд.