Ташрифи Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ба ВМКБ-акс

Дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохонро муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов пешвоз гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Имрӯз, 25 июн Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон бо сафари расмӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар ин бора мақоомти ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шоҳзода Али Муҳаммад Оқохонро муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ истиқбол намуданд.

Манбаъ афзуда, ки масъулини Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохонро то кампуси Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуданд.