ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Шоми 22 июн дар Боғи устод Рӯдакӣ иқдоми лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш», ки аз ҷониби Муассисаи нашриявии “Адиб” роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, иқдоми мазкур ба хотири таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва талқини китобхонӣ, миёни хонандагону донишҷӯён дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд.
Дар маросими ҷамъбастӣ, ки бо ровигии ҳунарманд Аловиддин Абдуллоев сурат гирифт, адибони маъруф Гулназар Келдӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, Камол Насруло, Алимуҳаммад Муродӣ ва Шералӣ Мӯсо доир ба нақши китоб дар сарнавишти миллат ҳарф зада, иқдоми нашриёти “Адиб”-ро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Иқдоми фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок аз рӯзи 11 майи соли равон то 22 июн ҳар рӯзи шанбе аз соати 9 то 13 дар Боғи устод Рӯдакӣ ҷараён дошт. Дар доираи ин иқдом, ки наздики 100 ҳазор китоб ба фурӯш рафт, ҳар як нафари китобхарида соҳиби лоторея гардид.
Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ - маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва ғайра ҷой дода шуда буданд, ки ба нафарони соҳибиқбол тақдим гардиданд.
"Шоҳҷоиза – 10 ҳазор сомонӣ насиби корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Амонова гардид",-омадааст дар хабарнома.
Инчунин нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева бинобар серхаридоратарин эълон шудани китобаш «Дунёи бачаҳо», ки 900 дона ба фурӯш рафтааст, бо телефонии мобилӣ қадрдонӣ гардид.
Шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ намуданд, инчунин лотореяашон бурд кардааст, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ, тӯҳфаҳо аз қабили телевизор, планшет, телефон, асбобҳои маишӣ сарфароз гардиданд.