Дар шаҳри Хуҷанд VI Ярмаркаи тиҷоратии байналмилалӣ “Суғд-2019” ба анҷом расид. Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти тавлиди Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Чин, Амрико ва дигар кишварҳо ба намоиш гузошта шуд.
Дар ярмакаи мазкур ба соҳаи сайёҳӣ, нассоҷӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва саноати ғизоӣ таваҷҷуҳи хос дода шавад.
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Русияро шарҳ дода, таъкид намуд, ки дар рақобат дар бозорҳои Русия зиёд аст.
“Чун ҳамеша мо аз вилояти Суғд ба бозорҳои Русия маҳсулоти кишварзӣ содирот мекунем. Соли равон дар як муддати кӯтоҳ мо ба Русия беш аз панҷ ҳазор тонна меваҳои тару тоза ва беш аз 40 ҳазор тон сабзавот содирот намудем. Новобаста аз он ки рақобат дар бозорҳои Русия бениҳоят зиёд аст, мо ҷойгоҳи худро дорем ва кушиш мекунем дар муддати кӯтоҳ дар фасли баҳор, ба Русия бештар маҳсулот фиристем”, - гуфт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон Ёқубӣ.
Ёқубӣ инчунин таъкид намуд, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд ҳоло барои содироти ангур, тарбуз харбуза ба Русия омодагӣ доранд. Маҳсулотҳои зикршуда то тирамоҳи соли равон ба Русия интиқол дода мешаванд. Бо фарорасии фасли тирамоҳ кишоварзони Суғд ба бозорҳои Русия сабзавот барои омодагӣ ба фасли зимистон содирот хоҳанд кард.