Раҳмон дар Рашт: ҳамаи гумроҳшудагон аз хориҷа баргардонда шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корияш ба водии Рашт хостори баргардондани ҳамаи шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвар ба Ватан шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Раисиҷумҳур имрӯз зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Нуробод гуфт, дар давоми чанд соли охир дар задухӯрдҳои давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби сокинони ноҳияи Нуробод 68 нафар иштирок намудаанд ва соли 2018 ҳамагӣ се нафари онҳо ба Ватан баргардонида шудаанд.

ДОИШ масъулияти ошӯби дувумро дар зиндони Тоҷикистон ба дӯш гирифт

“Зарур аст, ки барои баргардонидани ҳамаи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода карда шавад”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуд, кӯшиши бештар ба харҷ додан лозим аст, ки на танҳо чунин шаҳрвандони гумроҳшуда, балки дигар афроде, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба таҳсили ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ба зодгоҳи худ баргардонида шаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аз вазъи бисёр ноороми ҷаҳони муосир ҳушдор додааст.

“Дар чунин шароит мову шумо вазифадорем, ки ба шукронаи соҳибихтиёрии давлату миллатамон ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ба хотири ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон боз ҳам бештар ва аҳлона заҳмат кашем, ба тарбияи дурусти фарзандон – соҳибони ояндаи кишвар ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кардани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.