ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, сокинони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолон ва ҷавонони ин ноҳияи дурдасти мамлакат сарвари давлатро гарму самимӣ пазироӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон, ки идона ороста шуда буд, бо дастовардҳои меҳнатии мардум ошно шудааст.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар намоишгоҳ сокинони ноҳия дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, намунаи кандакорию оҳангарӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд ба маъраз гузоштаанд.
Дар гӯшаи нонҳои миллӣ занону бонувони ҳунарманд бехтани орд, хамиркунӣ ва тарзи омода намудани номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ, аз қабили чаппотӣ, гирдача, кулчаи нақшин, кулчаи нурободӣ, ки хоси мардуми ин минтақаи мамлакат буда, шуҳрати зиёдро касб намудааст, намоиш доданд.
"Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазии занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушд бахшидани он, инчунин ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати нонпазӣ маслиҳатҳои муфид дод",-омадааст дар хабарнома.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт ба духтарони ҷавон нонпазиро омӯзонед
Ҳамчунин дар ин мавзеъ дастандаркорон ба таври рамзӣ хонаи арӯсии замонавӣ ва инчунин хонаи арӯсии ниёгон ташкил карда, расму оини миллати тоҷикро дар давраҳои гуногун муаррифӣ намуданд.
Манбаъ афзуда, ки дар намоишгоҳ кишоварзону хоҷагидорон низ фаъолона иштирок намуда, маҳсули меҳнати хешро ба таври васеъ муаррифӣ намуданд.