Маҳмадёровҳо дар Нуробод маркази хизматрасонӣ сохтанд: раисиҷумҳур ифтитоҳ кард

Бародарони соҳибкор дар ноҳияи Нуробод маркази хизматрасонӣ бунёд карданд, ки бо ширкати президенти Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Нуробод бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, иншоот дорои коргоҳҳои коркарди тунука, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чуб, истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ фурӯши маводи ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фурӯши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст.

"Маркази хизматрасонӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Маҳмадёровҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст",-омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмонро дар Нуробод гарм истиқбол карданд

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ бунёди иншоотро барои қонеъсозии талабот ба ин намуди хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ кардааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2017 оғоз гардида, он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Масоҳати умумии бино 3462 метри мурабаъро ташкил медиҳад.