Аз корхонаи фаръии давлатӣ то маркази савдою майдончаи футбол: сафари Раҳмон ба Нуробод

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод ба Маркази савдо, майдончаи футбол ва Корхонаи фаръии давлатӣ ифтитоҳ бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти як қатор иншоот ифтитоҳ бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Президенти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт ба духтарони ҷавон нонпазиро омӯзонед

Манбаъ афзудааст, ки дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Маркази савдо ва хизматрасонии “Абубакр”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Амонов бунёд шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ин Маркази хизматрасонӣ ҳамчунин сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона ташкил карда шудаанд.

Бунёди Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод соли 2015 оғоз шуда буд.

Дар рафти  ин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро, низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик ошно шуданд.

Ҳама ба футбол: Раҳмон дар Тавилдара майдончаи варзишӣ ифтитоҳ кард

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмони он соли 2015 оғоз ёфта буд. Иншоот дар масоҳати 0,44 гектар замин бунёд гардида, барои фаъолияти пурсамар дар он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон инчунин майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор додааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 ба анҷом расонида шуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 — Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардида буд ва дар ин замина, то имрӯз дар қаламрави мамлакат толору марказҳои муосири варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири машқу тамрин барои солимии ҷомеа бо шароиту имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудаанд.