Духтарон барои зиёфатхӯрӣ ба мулоқот бо писарон мебароянд: олимон

Олимон муайян карданд, ки дар кадом ҳолат духтарон бидуни ягон ҳиссиёт бо мақсади хӯрдани хӯроки бомаззае ба мулоқот бо писарон мебароянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Коршиносон аз Донишгоҳи Азусаи Амрико муайян карданд, ки ҳар як духтари севуме, ки ба мулоқот бо марде мебарояд, танҳо барои хӯрдани хӯроки бомаззае ба он дидори ошиқона розӣ мешавад.

Олимон: дастгоҳи компютерӣ метавонад террористҳоро муайян кунад

Ба гуфтаи олимон, онҳо байни садҳо духтарон пурсиш доир карданд. Коршиносон ба воситаи суолҳои психологӣ муайян нумуданд, ки муносибати духтарон ба мулоқот то кадом андоза ҷиддӣ аст.

Дар натиҷа муайян шудааст, ки 33 дар сади духтарон ақалан боре барои хӯрдани зиёфати бомаззае ба мулоқот баромадаанд. Онҳо нисбати мардоне, ки вомехӯрданд, тамоман бетафовут будаанд.

Афзун бар ин ин, олимон муайян кардаанд, кадом занҳо махсус барои хӯрдан шуда, ба мулоқот мебароянд.

Эмомалӣ Раҳмон аз олимон хост, ки ҷашни Садаро омӯзанду байни мардум таблиғ кунанд

Ба гуфтаи онҳо, чунин занҳо дорои як қатор хислатҳои бад мебошанд, аз ҷумла онҳо одамафиребанд.

Ба ин кор танҳо духтароне қодиранд, ки маккоранду каме вазъи саломатии рӯҳиашон бад аст, афзуданд олимон.