Қурбон-милисаро генерал Назарзода баъди вокунишҳо дар Фейсбук қадрдонӣ кард

Роҳбари Раёсати ВКД Душанбе барои қадрдонии милиса ҷамъомади тантанавӣ ташкил намуда, ба Қурбон-милиса тӯҳфаву пул додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки роҳбари  ВКД Душанбе генерал Шариф Назарзода милисаеро, ки пештар дар Фейсбук чун Қурбон-милиса "номӣ" шуд, қадрдонӣ намуд.

Ёдрас мешавем, пештар як корбари Фейсбук акси як корманди ВКД Душанберо гузошта, аз ӯ Қурбон-милиса ном бурда, аз хислати исондӯстонаи вай тавсиф карда буд.

Ба гуфтаи корбар, Қурбон-милиса ду тифли модари гирёнеро, ки  дар маркази Душанбе гум шуда буданд, пайдо намуда, ба зан баргардонид.

Пас аз ин пост бештари  корбарон онро бознашр кардаву аз ин иқдоми корманди ВУД ҷонибдорӣ каранд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Душанбе менависад, ин корманди милиса - милитсионери Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ буда, доим бо ҳисси баланди масъулият ӯҳдадориҳои хизматии худро иҷро мекунанд. 

"Сержанти калони милитсия Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ дар рафти баргузории саммити МҲТБО дар Душанбе дар назди чорроҳаи Маркази савдои "Садбарг" аз худ малакаи баланди хизматӣ нишон дода, модареро, ки 2 нафар кӯдаконашро гум карда, аз парешонҳолӣ нолаву фиғон дошт, ором ва 2 нафар кӯдакони гумшударо саривақт дарёфт ва ба волдидонаш баргардонидааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷиҳати қадрдонӣ намудани сержанти калони милитсия Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти милитисяи пойтахт бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. 

Зимни баргузории ҷаласаи мазкур Шариф Назарзода иброз дошт, ки мақсад аз амалигардонии ислоҳоти милитисия низ маҳз баланд бардоштани донишу малакаи хизматӣ, хушмуомилагию рафтори намунавӣ бо шаҳрвандон ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ буда, милитсия ин пуштибону ҳомии халқу миллат ва таъминкунандаи суботу оромӣ дар кишвар мебошад.