Дар Хуҷанд пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳояш қомат афрохт

Донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Хуҷанд пайкараи шоири шаҳир Абулқосим Фирдавсиро тарошиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар саҳни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар пайи дифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни факултети санъат муҷассамаи шоири барҷастаи форс-тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин қаҳрамонҳои асарҳои шоирони адабиёти классикии тоҷик, Сиёвуш, Фарҳоду Ширин ва  муҷассамаи гурзпартои шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров қомат афрохт.

Чор донишҷӯ дар Хуҷанд ҳайкали Дилшод Назаровро тарошиданд

Дар ин бора Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  иттилоъ доданд.

Бино ба хабари сарчашма ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷараёни дифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни санъат иштирок карда, дар роҳи таҳким ва  таҷдиди атрофи муҷассама ва бо ин васила, барои вусъат бахшидани корҳои эҷодию бедор намудани ҳисси зебоипарастии донишҷӯён ба садорати факултети санъат ва факултети санъати тасвирӣ ва технология тавсияҳои судманд ироа дошт.

Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо

Мавриди зикр аст, ки хатмкунандагони ихтисоси ҳайкалтарошии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Даврон Воситӣ, Сатторхӯҷа Тошхӯҷаев, Камол Муъминов ва Комилҷон Ҳасанов бо роҳбарии академики Академияи мусавварии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам Маҷидов рисолаҳои хатмро бо пешкаши маҳсули эҷод, яъне сохтани муҷассамаҳои фавқуззикр дифоъ намуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки чор донишҷӯ дар Хуҷанд пайкараи Дилшод Назаровро тарошиданд.

пайкара аз ҷониби хатмкунандагони ихтисоси ҳайкалтарошии факултаи санъати донишгоҳи номбурда Даврон Воситӣ, Сатторхӯҷа Тошхӯҷаев, Камол Мӯъминов ва Комилҷон Ҳасанов тарошида шудааст.