ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Сардори Ситоди байниидорави ва таъмини амният дар ВМКБ Абдураҳмон Аламшозода, муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва раиси нохияи Шуғнон Азиз Гиёзода аз Осорхонахои сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, Қаҳрамонии Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур, Академик Моёншо Назаршоев ва шоир, файласуфи бузург Ҳаким Носири Хусрав дидан намуданд.
Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки генерал, муовини раиси вилоят ва раиси ноҳияи Шуғнон ба муносибати 22-юмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз Осорхонахои сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, Қахрамонии Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур, академик Моёншо Назаршоев ва шоир, файласуфи бузург Ҳаким Носири Хусрав дидан карданд.