Ҳушдор: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон ба 35+40 дараҷа мерасад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 13+18 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳушдори КҲФ аз гармои тоқатфарсо ва тавсияҳо барои наҷот аз гармӣ

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.    Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии 10-15  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.