Тамдиди муҳлати марҳалаи иловагии бақайдгирӣ дар ММТ

Довталабон метавонад барои аз нав сабти ном кардан ё иваз намудани интихобҳои аввалаи худ ба мактабҳои рақами 70-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  №100-и ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30  июни соли равон  тамдид  гардид.  

Ба  таваҷҷуҳи  довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1 март то 30 апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, расонида мешавад, ки муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30 июн тамдид карда шуд.

Эълони Вазорати маориф барои таҳсил бо стипендияи президент дар хориҷа

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ дар 2 нуқтаи бақайдгирии шаҳри Душанбе, ки дар заминаи муассисҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  №100-и ноҳияи Шоҳмансур ташкил карда шудаанд, сурат мегирад.

"Довталаби хоҳишманд метавонад барои аз нав сабти ном кардан ҷиҳати иваз намудани интихобҳои аввалаи худ ба яке аз ин нуқтаҳо муроҷиат намояд",-омадааст дар хабарнома.

Маълумоти муфассалро дар бораи марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз эълон («Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ»), ки дар сомонаи Марказ, нашр карда шудааст, дастрас кардан мумкин аст.

Хоҳишмандон зиёданд: Маркази тестӣ аз тамдиди мӯҳлати бақайдгирии довталабон хабар дод

Пештар хабар дода шуд, ки тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30 апрел тамдид карда мешавад.