ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми суҳбати мустақим бо мардуми кишвараш дар бораи бойҳо ва камбағалҳо шӯхӣ кард.
Ба Владимир Путин савол доданд: "Кай мансабдорон баробари коргарони қаторӣ маош мегиранд?".
Кишвардор гуфт, ки ӯ даромади аксари мақомдорон ва бархе аз коргарони ширкатҳоро дида шигифтзада мешавад.
Ба фикри Путин музди баланди мақомдорон ҳаққи босалоҳиятии онҳост. Дар баробари ин Путин қайд кард, ки холигии миёни музди онҳо ва коргари оддиро бояд чанд баробар кам кард.
"Шӯхиро дар ёд доред: "Мо набояд чунин кунем, ки дороҳо дигар набошанд, мо бояд чунин кунем, ки камбағалҳо набошанд",-шӯхӣ кард Путин.
Путин се мушкилии асосии соҳаи тандурустии Русияро гуфт
Владимир Путин изҳор дошт, ки мехоҳад музди меҳнати коргарон то сатҳи вазирон бирасад, на ин ки даромади вазирон то сатҳи коргарон паст шавад.