ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар Маскав бо роҳбари Раёсати масоили муҳоҷиратии Вазорати умури дохилаи Русия Валентина Казакова мулоқот кард.
Тавре дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия гузориш медиҳад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо сизишҳоеро, ки дар рафтаи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба даст омада буд, баррасӣ гардид.
Аз ҷумла сафир масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷиронро боло бардошта, ба мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд аҳамият додааст.
Афзун бар ин, Казакова ва Сатторов дар бораи аз рӯйхати сиёҳ баровардани бархе аз категорияи шаҳрвандони Тоҷикистон (афви муҳоҷирон - идора) сӯҳбат кардаанд.
Валенина Казокова дар ин бора гуфтааст, ки вақтҳои охир ба қонунгузории муҳоҷиратии Русия тағйиротҳои назаррас ворид гардиданд ва кор дар ин самт идома дорад.
Ёдрас мешавем, дар рафти сафари охири худ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои русаш Владимир Путин афви як қатор муҳоҷирони тоҷикро хоста буд.
Аммо то ҳол мақомоти Русия афви муҳоҷиронро эълон накардаанду мақомоти тоҷик, аз ҷумла намояндагии вазорати муҳоҷироти Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, "афв ҳатман мешавад".