Ҷавони тоҷик ба шиками пулиси рус корд зад

Корманди пулисро дарҳол ба бемористон интиқол доданд. Муттаҳам пас аз корд кашидан фирор кард ва дарҳол боздошт шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар вилояти назди Маскав як зодаи Тоҷикистон ба иттиҳоми корд кашидан ба пулиси рус дастгир шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Русия.

Ҳодиса дар шаҳраки Фрязинаи вилояти Маскав рух додааст. Корманди пулис ҷавонеро бо гумони шабоҳат ба ҷинояткори ҷустуҷӯшаванда боздошт кардааст.

220 муҳоҷир ва 80 парванда: боздошти оммавии муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Ӯ аз ҷавон талаб кардааст, ки ҳуҷҷатҳояшро нишон диҳад ва сипас хостааст ӯро ба шӯъбаи пулис барад. Дар ҳамин вақт ҷавони боздоштшуда ба пулис корд задааст.

Рафиқашонро куштанд: навори занозании муҳоҷирон дар назди метро дар Маскав

Пас аз ин ҷавон во ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Корманди пулисро ба бемористон интиқол додаанд.

Ба воситаи дурбинҳо самти пинҳоншудаи ҷавонро муайян кардаанд.

Ин дафъа низ ҷавон кӯшиш кардааст, ки аз дасти пулис фирор кунад, аммо зери милаи таппонча таслим шудааст.

Тафтишот идома дорад.