Мулоқоти ёвари Раҳмон дар умури амният ва дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон

Мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Тоҷикистон ва дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон дар шаҳри Уфаи Русия дар бораи тозатарин таҳаввулоти минтақаӣ табодули назар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дидори Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон бо Муҳаммадалӣ Ватанзода, ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният дар ҳошияи даҳумин иҷлоси байналмилалии мақомоти олии амниятии ҷаҳон дар Уфаи Русия баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба гузориши ИРНА.

Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

Инчунин зимни мулоқот раванди равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Душанбе ва мавзӯоти минтақаӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва амниятӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дарёбони Алии Шамхонӣ пеш аз ин дидор, зимни ширкат дар нишасти шашҷониба бо ҳузури мақомоти амниятии Русия, Чин, Ҳинд, Покистон ва Афғонистон то кунун бо мақомоти амнияти кишварҳои Афғонистон, Русия, Узбакистон ва Арманистон низ дидорҳои дуҷониба доштааст.

Дар ин дидор Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон ва чанд мақоми аршади амниятии дигар низ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро ҳамроҳӣ мекарданд.

Ёдрас мешавем, ки дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот кард.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон аз сар гирифта шуданд

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.