Мақомоти Узбакистон ба 950 муҳоҷири меҳнатӣ барои бозгашт ба Ватан кумак намудааст

Вазорати шуғли аҳолии Узбакистон хабар додааст, ки шумори муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Ватан бармегардаднд ба сабаби масъалаҳои ташкилӣ ва логистикӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Мақомоти Узбакистон аз моҳи октябри соли гузашта ба 950 муҳоҷири меҳнатиаш барои бозгашт аз Русия кумак намудааст, эълон намудааст вазири шуғли аҳолӣ ва равобити кории Узбакистон Шерзод Қудбиев.

Вай таъкид намудааст, ки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотири гум кардани ҳуҷҷатҳои шахсӣ ё бепулӣ дар Русия ба Ватан баргардонида шуданд.

“Дар ҳоли ҳозир наздик ба 950 муҳоҷири меҳнатиро мо ба Ватан баргардондем. Иҷрои ин барнома идома дорад ва мо онро иҷро хоҳем кард”, - гуфт Қудбиев.

Русия ба муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ пардохт мекунад

Вазир инчунин таъкид намуд, ки теъдоди муҳоҷироне, ки ба Ватан бармегарданд ба хотири масъалаҳои ташкилӣ ва логистикӣ як каме коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи вай, агар аз Маскав ва Санкт-Петербург муҳоҷирони меҳнатиро баргардондан осон бошад аз дигар минтақаҳои Русия ин иқдомро анҷом додан мушкил будааст.   

“Русия бисёр бузург аст ва мо тавонии фарогирии ҳамаи минтақаҳои Русияро надорем”, - илова кард вай.

Қудбиев таъкид намуд, ки Узбакистон барои баргардонидани муҳоҷиронаш аз боздоштгоҳои мувақатии Русия ба Ватан омодааст пурра аз ҳисоби худ маблағгузорӣ намояд.  

Аз ҷумла Вазорати шуғли аҳолӣ тасмим дорад барои муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳои худро дар қаламрави Русия гум кардаанд, тартиби тасдиқи шаҳрвандии Узбакситон дар сафорат ва консулгариҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ намояд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи феврали соли равон вазорат хабар дода буд, ки барои бозгашти 530 муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия кумак намудаанд.