Гумерова шарҳ дод, ки чаро омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд

Муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия доир ба илм, маориф ва фарҳанг аз Бошқирдистон Лилия Гумерова аввалин натиҷаҳои лоиҳаи омӯзиширо дар Тоҷикистон шарҳ дод
Sputnik

Тирамоҳи соли 2018 ба Тоҷикистон 48 омӯзгори бо таҷриба аз минтақаҳои гуногуни Русия равона шуданд. онҳоро ба 20 мактабҳои мухталифи кишвар тақсим намуданд.

Гумерова шарҳ дод, ки чаро омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд

Омӯзгорони рус ба мактаббачаҳои тоҷик забони русӣ, адабиёт, риёзӣ ва физика дарс медоданд. Омӯзгорони рус тақрибан дар тамоми марказҳои вилоятии Тоҷикистон фаъолият карданд.

“Аксари омӯзгорон тасмим гирифтанд, дар доираи ин лоиҳа фаъолияти худро идома диҳанд. Онҳо хостори идомаи фаъолити омӯзгории худ дар Тоҷикистон шуданд”, - таъкид намуд Гумерова ба Sputnik Тоыикистон.

Ёдрас мешавем, ки лоищаи мазкур алакай ду сол идома дорад. Соли гузашта аз 29 омӯзгор 26 нафараш хоҳиш намуданд, ки дар Тоҷикистон бимонанд ва фаъолияти омӯзгориашонро идома диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир, ба лоиҳаи таълимӣ дигар кишварҳои ҳамсуд низ аҳамият зоҳир намудаанд.