Олимон: дастгоҳи компютерӣ метавонад террористҳоро муайян кунад

Донишмандон саъй доранд, бо истифода аз технологияҳои муосир пеши роҳи ҳаргуна хушунату кушторро бигиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн-Sputnik. Бар асоси натоиҷи озмоише, ки ахиран олимон бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монданд, маълум гардид, ки нафарони мутаассиб дар бештарин мавридҳо даст ба зӯроварӣ мезананд.

ХФА-и Русия барои пайдо кардани террористҳо $50 миллион медиҳад

Озмоиши олимонро ахиран The Royal Society Publishing ба чоп расонд. Олимон муайян сохтанд, ки барои чунин субъектҳо арзишҳои динӣ бисёр муқаддас буда, дар сурати нақз шудани онҳо, даст ба куштору зӯроварӣ мезананд.

Донишмандон барои ба пуррагӣ омӯхтани майнаи сари чунин нафарон, озмоишеро бо ҳузури аъзоёни ҷамъияти покистонии Барселона доир намуданд.

Барои гузаронидани чунин таҷриба олимон давоми ду сол бо ин гуруҳ сӯҳбатҳо анҷом медоданд, то комилан ба боварии онҳо дароянд. Ҳамзамон озмоишгарон миёни онҳо таввассути анкетаҳо пурсишҳо доир мекарданд.

Олимон омилҳои хатари тавсеаи сактаи мағзиро номбар карданд

Гузашта аз ин инъикоси майнаи сари онҳоро дар зери дастгоҳи компютерӣ мушоҳида мекарданд. Ба онҳо ҳаргуна саволҳо дар мавриди дину китоби муқаддаси Қуръон ва хамзамон саволҳое муқобил, ки бар зидди арзишҳои онҳо баромад мекарданд, пурсон мешуданд.

Ҳушдори олимон: ба Замин тӯфони геомагнетӣ наздик мешавад

Олимон изҳор доштанд, дар рафти пурсиши саволҳое, ки бар муқобили арзишҳояшон буданд, дар майнаи сари онҳо тағйирот зуд ба амал меомад. Маълум буд, ки он замон мағзи сари онҳо ба куштор ё дигар ҷиноят қодир буд. Соҳаҳои мухталифи мағзи сари онҳо ба саволҳо дар бораи пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) ва дигар масоилҳои барои мусалмонон камаҳамияттар, як зайл зуҳур намекард.

Олимон ҳамингуна таҷрибаро бо гуруҳи дигари шаҳрвандони Покистон, ки услуби фикрронии аврупоиро доранд, гузарониданд. Собит гардид, ки гуруҳи охири ба ин гуна масоилҳо орому ботамкин назар мекунанд.

Олимон: чӣ тавр умри одамро метавон ба 18 сол дароз кард

Дар даври ниҳоӣ олимон ҳар ду гуруҳро якҷоя намуда, пеш аз гузаронидани ташхиси навбатии майнаи сари онҳо аз дастгоҳи компютерӣ ба онҳо натоиҷи якхелаи озмоиши даври аввалро нишон доданд. Ба гунае, ки фикрронии ҳар ду ҷониб як аст. Ва ин навбат инъикоси майнаи сари нафарони мутаассиб низ оромтар ва соҳаи мағзи сар, ки инсонро ба андешаронӣ бештар водор мекунад, ин навбат фаъолтар буд. 

 Ҳамин тариқ олимон собит намуданд, ки террористонро танҳо ҳампаймонҳояшон метавонанд аз роҳ боздоранд.