Бо дастури Норакӣ қасди тарконидани идораҳои давлатиро доштанд: ҳукми ду доишӣ дар Хатлон

Ду ҷавон дар пайравӣ ба узви фаъоли гурӯҳи террористӣ қасд доштаанд, ки дар идораҳои давлатии Тоҷикистон таркиш ба амал оранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми гароиш ва пайравӣ аз дастуроти гуруҳи террористии ДИИШ маҳкум ба зиндон шуданд, хабар медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Ахбор".

ДОИШ масъулияти ошӯби дувумро дар зиндони Тоҷикистон ба дӯш гирифт

Бино бар иттилои манбаъ,ин ду нафар бо номҳои Абдулшакур Аминбекови 19-сола ва Комилҷон Тағойови 33-сола зодаи ноҳияи Ёвон дар маркази Тоҷикистон ҳастанд. 

Бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон ҷинояткоронро мутаносибан ба муҳлати 15 ва 12 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҷурми ин ашхос гароиш ба гуруҳи террористии ДИИШ ва пайравӣ аз дастуроти саркардагони тоҷикистонии ин гуруҳ ба вижа Абу Усомаи Норакӣ барои омодагӣ ба қасди таркиши идораҳои давлатии ин кишвар эълом шудааст.

Тоҷикистоние, ки даъват ба куштори “ғайримусалмонон ” кардааст, ҳукм мегирад

Ба гуфтаи додгоҳ, Аминбеков ва Тағойов ҳангоми муҳоҷирати корӣ ба Русия таҳти таъсири таблиғгарони ДИИШ қарор гирифта буданд, аммо вақте барои анҷоми амалиётҳои вайронкорона ба зодгоҳашон баргаштанд дар ҳайни омодасозии ин амалиётҳо боздошт шуданд.