Дар зеристгоҳи барқии “Темурмалик” насби таҷҳизот идома дорад

Корҳои сохтмонии зеристгоҳ аз тарафи мутахассисони корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik.  Имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” – и шаҳри Хуҷанд шинос шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, корҳои сохтмонии зеристгоҳ аз тарафи мутахассисони корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад.

Дар зеристгоҳи барқии “Темурмалик” насби таҷҳизот идома дорад

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар зеристгоҳ ду адад трасформатори 25 000 кВА насб карда шуд ва айни ҳол насби дигар таҷҳизоти зарурӣ барои қабул ва интиқоли нерӯи барқ идома дорад.

Сохтмони зеристгоҳи нави барқии “Темурмалик” моҳи июли соли гузашта бо​ маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 4 миллион доллар оғоз ёфта буд. Бо фаъол гардидани ин зеристгоҳ зеристгоҳҳои дигари шаҳр камбор гардида, талафоти нерӯи барқ низ кам хоҳад шуд.