Худододов ба макотиб дар ВМКБ кумак кард

Арсен Худододов раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ ба мактаби рақами 7, литсеи президентӣ ва литсеи Оқохон маводҳои мухталифи омӯзишӣ тақдим кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ба хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон маводҳои мухталифи омӯзишӣ тақдим шуд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби Арсен Худододов раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ роҳандозӣ шуд. Ӯ дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар ҷамъиятҳо, барои кӯмак ба мактабҳои Бадахшон ва таъмини онҳо бо маводҳои зарурии таълимӣ, маъракаи ҷамъоварии маблағро ташкил кард.

Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии “Санъати китоб” дар Боку иштирок хоҳад кард

Дар доираи ин иқдом ба муассисаҳои таълими китобу, луғат, дафтару харитаҳои географӣ ва дигар ашёҳои мухталифи мактабӣ дастрас карда шуд. Ба гуфтаи омӯзгороне, ки ба кӯдакон дар ин минтақа забони русӣ меомӯзанд, тайи солҳои зиёд онҳо дар фаъолияти худ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд. Дар навбати аввал онҳо аз камбуди катобу дастурамалҳои таълимӣ ва таҷҳизоти дигари техникӣ танқисӣ мекашиданд.

Зуҳал Шодмонбекова, омӯзгори забони русӣ мегӯяд: “Қаблан мо барои чопи тест ё суолномаҳо ва мисолу машқҳо маҷбур будем ба созмонҳои мухталиф муроҷиат кунем. Барои ин вақти зиёд сарф мешуд. Акнун бо кӯмаки ҳамватанони худ дар Русия мо тамоми маводу таҷҳизоти заруриро барои таълими забони русӣ дорем. Хеле хушҳолем ва аз ташаббускорон миннатдорем.”

Омӯзгорон мегӯянд, ин кӯмак кори онҳоро, ки барои рушди таълими забони руси дар минтақа талош доранд, хеле осон мекунад.

Акнун кӯдакон метавонанд дониши худро дар самти омӯзиши забони русӣ тақвият бахшанд ва муҳимтар аз ҳама таъмини мактабҳо бо ҷиҳозу маводи зарурӣ барои хатмкунандагоне, ки ният доранд дар донишгоҳҳои Русия шомил шаванд, кӯмак хоҳад кард.

Худи хонандаҳо ҳам аз кӯмакҳои диаспораҳои тоҷикони Русия ба мактабҳо хеле хушҳол шудаанд ва аз ҷониби худ ваъда медиҳанд, ки талош мекунанд бо баҳои аъло таҳсилро идома диҳанд.