Имтиёз, раводид ва ханда: тасмими Тоҷикистон барои ҷалби гардишгарон бо усули нав

Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба ҷанбаҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва сода гирифтани раводид таҷдиди назар намуда, сатҳи қабул ва гусели гардишгаронро боло бубарад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июня — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи се сола доир ба Стратегияи рушди сайёҳӣ дар кишвар то соли 2030- ро қабул кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Коршинос: рушди соҳаи сайёҳӣ ба се мушкилоти бузург рӯ ба рӯ шудааст

Дар ин санад беш аз 70 барномае номбар шудааст, ки бояд аз соли 2019 то соли 2022 ба анаҷом расанд.

Аз ҷумла Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба ҷанбаҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва сода гирифтани раводид  таҷдиди назар намуда, сатҳи қабул ва гусели гардишгаронро боло бубарад.

Инчунин раванди гирифтани иҷозатномаи сайёҳӣ осон карда мешавад. Ба бахши хусусӣ барои рушди соҳа имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар барнома дар бораи таҳияи хатсайрҳои нав ва беҳтар намудани инфрасохторҳо, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаву мавзеъҳои истироҳатӣ ишора карда шудааст.

Афзоиши гардишгарон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Инчунин, пешниҳод шудааст, ки бренди сайёҳии Тоҷикистон таҳия шавад ва он дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод гардад. Тавре, ки дар санад гуфта шудааст, барои боло бурдани сатҳи дониши роҳбаладон ва кормандони осорхона бояд курсҳои махсус тайёр карда шавад.

Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буд.